LIVE

«Реал» бо Карвахал шартномаро тамдид мекунад

Роҳбарияти бошгоҳи «Реал» бо қарори якдилона шартнома бо дифоъгари 32-солаи хеш Даниэл Карвахалро тамдид мекунад, иттилоъ медиҳад нашрияи испании Relevo.
Тибқи иттилоъи сарчашма новобаста аз финали дар пешистодаи Лигаи чемпионҳо зидди «Боруссия»-и Дортмунд бошгоҳ аллакай мехоҳад бозигари испаниро баҳри мавсими олӣ бо тамдидкунии шартнома мукофотонида намояд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар роҳбарияти бошгоҳ ҳамчунин нафароне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд шартномаи мӯҳлаташ беш аз як солро барояш пешниҳод намоянд. Аслан дар ин тим нисбати бозигарон бо чунин синну сол чунин қарорҳо бароварда намешаванд.
Дифоъгар Даниэл Карвахал дастпарвари «Реал» буда, ба дастаи аввали «бланкос» ӯ бори нахуст соли 2013 баъди як мавсими пурра дар «Байер» шомил шуд. Мавсими ҷорӣ дар ҳисоби ӯ 38 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо, панҷ гол ва панҷ партофти голӣ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив