LIVE

Сармураббии нави «Ливерпул» 12,8 млн фунт арзиш дорад

«Ливерпул»-ро зарур меояд, ки ба «Спортинг» 12,8 млн фунт (15 млн евро) дар шакли ҷубронпулӣ  пардохт намояд, то ки  сармураббии тими португалӣ Рубен Аморим бо анҷоми мавсим дар сафи мерсисайдиҳо мураббӣ шавад. Дар ин бора Sky Sports бо такя ба Daily Telegraph менависад.
Бино ба иттилоъи сарчашма «Ливерпул» оиди варианти пардохти ҷубронпулӣ аз барои   Аморим андешаронӣ карда истодааст, зеро муттахассиси испанӣ  Хаби Алонсо дар мавриди монданаш дар «Байер» дар мавсими баъдӣ сухан кард. Ёдовар мешавем, ки Алонсо дар «Ливерпул» чун ивазкунандаи асосии Юргену Клопп дониста мешуд, нафаре, ки сафи мерсисайдиҳоро бо анҷоми мавсими ҷорӣ тарк менамояд.
«Ливерпул»-ро зарур меояд то ба «Спортинг» ҷубронпулӣ баҳри рафтани Аморим тобистони соли ҷорӣ пардохт намояд, зеро шартномаи ӯ бо тими португалӣ то соли 2026 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив