«Манчестер Юнайтед»-и Англия дифоъгари марказии «Эвертон» Ҷеррэд Брэнтуэйтро чун ҳадафи асосии трансферии хеш маълум кард, иттилоъ медиҳад Mirror.
Тибқи иттилоъи манбаъ футболбози 21-сола ба сармураббии «Юнайтед» Эрик тен Хаг ва шӯъбаи скаутии бошгоҳ писанд омадааст, вале Брэнтуэйтро ҳатто дар сурати аз кор ҷавоб додани муттахассиси нидерландӣ ҳам хариданияд. Дар пасманзари пурзӯр шудани қоидаҳои фэйр-плейи молиявӣ молики нави «девони сурх» талош мекунад, ки дар бозигарони бомаҳорати ҷавоне, ки иқтидори таъмини натиҷа барои «Юнайтед»-ро доранд, сармоягузорӣ намояд.
Брэнтуэйт дар сафи «Эвертон» аз соли 2020 баромад дошта, мавсими ҷорӣ дифоъгар дар сафи «Эвертон» 31 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронид ва ба задани ду гол даст ёфт. Шартномаи бозигар бо тими англисӣ то охири моҳи июни соли 2027 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt, – 25 млн евро мебошад. Пештар оиди иштиёқи дастаҳои «Арсенал»-и Лондон ва «Реал»-и Мадрид нисбати Брэнтуэйт гуфта шуда буд.
