Бо даъвати Федератсияи футболи Эрон довари ФИФА Гулмуроди Саъдуллои 33-сола аз Тоҷикистон дар бозии қаҳрамонии Эрон кор мекунад.
Гулмуроди Саъдулло дар бозии марказии даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Эрон, ки дар он рақибони ашаддӣ – бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Персеполис»-и Теҳрон ба ҳам меоянд, ба ҳайси довари VAR фаъолият хоҳад кард. Ин дидор рӯзи 13 март дар Варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон баргузор мешавад.
***