LIVE

Ҳамлавари “Спартак” Квинси Промес дар АМА боздошт шудааст

Чӣ тавре сарчашма ё телеграмм-канали База хабар медиҳад, Промесро дар шаҳри Дубай боздошт кардаанд. Футболбози “Спартак”-и шаҳри Москваро барои парвоз ба Россия тариқи назорати гурзаргоҳи сарҳадӣ иҷоза надодаанд. Футболбози нидерландӣ аллакай чанд соат боз дар шӯъбаи пулис бо кормандони хадамоти бехатарии сурху сафедҳо қарор дорад.

Пештар оиди оне маълум гардида буд, ки ҳамлавари “Спартак” Квинси Промес натавонист бо ҳамроҳии даста аз фурӯдгоҳи “Аль- Мактум”-и шаҳри Дубай ба Россия парвоз кунад.
Яке аз сабабҳои боздошт шудани Квинси Промес  аз садамаи нақлиётӣ гурехтани ӯ дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб буда, прокуратураи нидерландӣ баъди ин қазия нисбати истирдодкунии ӯ нома равон кардааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Промесро дар ҷустҷӯи байналмилалӣ эълон карда буданд. Ӯро дар парванда оиди қочоқи маводи мухаддир айбдор дониста буданд ва нисбаташ ҳукми маҳрумкунӣ аз ҳуқуқи озодӣ ба мӯҳлати шаш сол дар кишвари Нидерланд эълон бароварда шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив