LIVE

Дидори Роҷер Федерер бо Килия Мбаппе

Теннисбози номдору муваффақи швейтсарӣ - Роҷер Федерер бо ҳамлавари ҷавони яккачини Фаронса ва бошгоҳи “ПСЖ” - Килия Мбаппе дар Фаронса вохӯрӣ намудааст. Вохӯрии мазкур баъд аз бозии даври аввали мусобиқаи Roland Garros, ки дар Фаронса ҷараён дорад, ба вуқуъ пайваст. Форварди “ПСЖ” – Мбаппе ба теннисбоз пироҳани футболиашро туҳфа намуд. Ёдовар мешавем, ки Федерер даври аввали Roland Garros-ро бо осонӣ пушти сар намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив