LIVE

Чаро арабҳо Роналдуро муҷозот карданд?

Ҳамлавари бошгоҳи саудии “Ал-Наср” Криштиану Роналду баҳри ишораҳои ноҷо зидди мухлисони тими “Ал-Шабоб” (3:2) рӯзи 26-уми феврал дар бозии даври 21-ум муҷозот карда шудааст.
Вобаста ба ин, Шӯрои мухлисони   «Ал-Наср» эълон намуд, ки дар дақиқаи 7-уми бозӣ минбарҳо номи Криштиануро ба хотири дастгириҳо ба забон меоранд.
Ҳамин тариқ, ҳамлавари португалии «Ал-Наср» Криштиану Роналду баҳри ишораҳои ноҷо зидди мухлисон аз иштирок дар як бозӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора Reuters бо такя ба Кумитаи интизомӣ ва ахлоқии Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ (SAFF) иттилоъ медиҳад.
Дар шакли муҷозот Роналду ҳамчунин ӯҳдадор аст, ки ҷарима дар ҳаҷми 10 ҳазор риали саудӣ (2666 доллар) бисупорад. Ғайр аз ин, ӯ бояд масрафиёти тими «Ал-Шабоб»-ро дар раванди ирсоли аризаҳои шикоятӣ (дар ҳаҷми 20 ҳазор риал) пӯшонад. Қайд карда мешавад, ки нисбати қарори мазкур шикоят бурда намешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив