LIVE

Доварон аз Тоҷикистон бозиҳо барои Ҷоми ҷаҳонро ҳакамӣ мекунанд

Ду бригадаи доварон аз Тоҷикистон бозиҳои мартии марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунанд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври чоруми марҳилаи интихобии  ҶҶ-2026 дар гурӯҳи «А» миёни мунтахабҳои Қувайт ва  Қатарро, ки рӯзи 26-уми март дар шаҳри Ал-Қувайт доир мешавад, ҳакамӣ мекунад. Аз канорҳо барояш ассистентҳои доварони ФИФА – Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов кумак мекунанд. Ба ҳайси доварӣ эҳтиётӣ довари ФИФА Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло аз АМА таъин шудааст.

Бригадаи дигари доварон аз Тоҷикистон бо сардории довари ФИФА Насрулло Кабиров  бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2026 дар гурӯҳи «I» миёни мунтахабҳои Бангладеш ва Фаластинро ҳакамӣ мекунад. Ассистентҳои  Кабиров  Акмал Буриев ва Хусрави Сиддиқзод мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари  ФИФА Сайёдҷон  Зайниддинов гузошта шудаанд. Вохӯрӣ рӯзи 26-уми март дар пойтахти  Бангладеш шаҳри Дакка доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив