Ниммуҳофизатгари дастаи “Манчестер Юнайтед” – Карлос Каземиро эҳтимол фаъолияти футболбозиашро дар дастаҳои Арабистони Саудӣ идома диҳад. Дар ин бора The Sun хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки нимҳимоятгари бошгоҳи шаҳри Манчестер аллакай дар ҷустуҷӯи бошгоҳи нав аст. “Девҳои сурх” бозигари бразилиро дар фурӯш гузоштааст ва омодааст, ки дар равзанаи зимистона аз ӯ ҷудо шавад.
Каземиро пас аз захмдор шудан дар бозии Ҷоми Лигаи Англия бо «Нюкасл» (0:3) аз 1-уми ноябр ба ин сӯ дар майдон набуд.
Ёдовар мешавем, ки Каземиро аз соли 2022 дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад ва дар он ҷо аз “Реал Мадрид” ба маблағи 70 миллион евро бо шумули мукофотҳои гуногун гузашт. Дар маҷмӯъ, ӯ дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Манчестер 63 бозӣ анҷом дода, 11 гол задааст. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар дар 12 бозӣ ширкат карда, чаҳор гол задааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бразилиягӣ метавонад Манчестерро тарк кунад ва дар сурати пешниҳоди фоидаовар даста аз рафтани футболбоз монеъ намешавад. Шартномаи бозигари тими Бразилия бо бошгоҳ то 30-юми июни соли 2026 баста шудааст.
«Манчестер Юнайтед» пас аз 17 даври чемпионати Англия бо 28 имтиёз дар ҷои 7-ум аст. “Арсенал” бо 39 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.