LIVE

Нишондоди назарраси Беллингем дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо

Футболбози англиси тими мадридии «Реал» Ҷуд Беллингем аввалин бозигаре дар таърих гардид, ки дар чор бозии нахусти  бошгоҳ дар Лигаи чемпионҳо ба задани гол даст ёфтааст. Дар ин бора телеграм-канали La Saeta Rubia хабар медиҳад.
Беллингем голи дуюми тимашро ба дарвозаи «Наполи» дар бозии даври 5-уми гурӯҳи С-и Лигаи чемпионҳо ба самар расонид. 
Ёдовар мешавем, ки дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» дар шаҳри Мадриди Испания бозӣ намуда, тими мадридӣ бо ҳисоби 4-2 ба пирӯзӣ расид. 
Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи C. Даври 5-ум. 30-юми ноябри соли 2023, панҷшанбе. 01:00 ДШБ
Реал Мадрид (Мадрид, Испания) 4 : 2 Наполи (Неапол, Италия)
0:1 Симеоне – 9'     1:1 Родриго – 11'     2:1 Беллингем – 22'     2:2 Замбо Ангисса – 47'     3:2 Пас – 84'     4:2 Хоселу – 90+4'    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив