Бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо миёни тимҳои «Бенфика»-и португалӣ ва «Интер» аз Италия дар варзишгоҳи «Да Луш» дар Лиссабон бо ҳисоби 3:3 хотима ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи D. Даври 5-ум. 30-уми ноябри соли 2023, панҷшанбе. 01:00 ДШБ
Бенфика (Лиссабон, Португалия) 3 : 3 Интер (Милан, Италия)
1:0 Мариу – 5' 2:0 Мариу – 13' 3:0 Мариу – 34' 3:1 Арнаутович – 51' 3:2 Фраттези – 58' 3:3 Санчес – 72'
Бозибадаршавӣ: Силва – 84'
«Бенфика» нимаи аввали рақобатро фаъолона шурӯъ намуда, аллакай то дақиқаи 34-ум ба шарофати хет-трики нимҳимоягар Жоау Мариу бо ҳисоби 3:0 пешсаф буд. Вале дар нимаи дуюми бозӣ «Интер» рафти бозиро куллан дигар кард. Дар дақиқаи 51-ум голи нахустро ба дарвозаи «уқобон» ҳамлавари «нерадзурри»-ҳо Марко Арнаутович ба самар расонид. Баъди ҳафт дақиқаи ин гол Давиде Фраттези муаллиф гол гардид. Дар дақиқаи 72-юм бошад Алексис Санчес пеналтиро ба гол табдил дод ва бозӣ бо ҳисоби 3:3 хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, «Интер» 11 хол аз панҷ бозии марҳилаи гурӯҳӣ ба даст оварда, дар гурӯҳи D зинаи дуюмро ишғол мекунад. «Бенфика» бошад бо як хол дар зинаи чоруми ҷадвал қарор дорад. Дар гурӯҳи D ҳамчунин «Реал Сосйедад» (11 хол — зинаи аввал) ва «РБ Залтсбург» (чор хол — зинаи сеюм) мебошанд.