Тими амрикоии «Лос-Анҷелес Гэлакси» иттилоъ дод, ки бо ҳамлавари мексикоӣ Хавйер «Чичарито» Эрнандес баъди анҷоми мӯҳлати шартномаааш хайрбод кард.
«Мо барои вафодорӣ ба кор ва саҳмгузорӣ дар рушди «Лос-Анҷелес Гэлакси» аз Хавйер сипосгузорем. Чор мавсим дар «Гэлакси» Хавйер чун пешвои ҳақиқии тим дар майдон ва берун аз он буд. Мо барояш дар ҳаёти минбаъда пешравиҳо ва кулли беҳтаринҳоро хоҳонем», — гуфтааст сармураббӣ ва директори варзишии даста Грег Вэнни.
Эрнандеси 35-сола аз моҳи июн инҷониб дар сафи «Гэлакси» ба хотири ҷароҳат ба майдон наомада буд. Акнун ӯ футболбози озод мебошад. Дар умум аз соли 2020 мексикоӣ 82 бозӣ дар сафи калифорниягиҳо гузаронд, 39 гол ба самар расонид ва шаш партофти голӣ ба омор гирифт. Солҳои 2021 ва 2022 Эрнандес дар бозиҳои Кулли ситорагони МЛС ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои беҳтарин бозигари тими хеш гардидааст.