LIVE

Лигаи 1-ум бозигари «Нитса» Аталяро баҳри даъват ба «рӯзи сиёҳ барои яҳудиён» муҷозот кард

Лигаи 1-уми фаронсавӣ бозигари алҷазоирии «Нитса» Юсуф  Аталяро барои нашри видеои ташвиқкунандаи «баргузории рӯзи сиёҳ барои яҳудиён» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мӯҳлати ҳафт бозӣ аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум кард, иттилоъ дода мешавад дар сомонаи расмии лига.
Ҳамин тариқ, бозигари алҷазоирӣ то миёнаи моҳи декабр ба майдон намебарояд.
Пештар Атал аз барои бознашри навори видеоии ҷанҷолбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар пасманзари муноқишаи Исроил ва Навори Ғаззаҳ ба «овардани рӯзи сиёҳ барои яҳудиён» ташвиқ мекунад, узрпурсӣ карда буд. Бозигари алҷазоириро метавонистанд баҳри дастигирии Фаластин аз бошгоҳ ба пуррагӣ берун кунанд. Сипас ӯ нашрҳояшро аз саҳифа тоза кард ва бошгоҳ қарор кард, ки Юсуфро то мӯҳлати муайян аз саф берун кунад.
Ёдрас мекунем, ки 7-уми октябри соли 2023 ҳаракати фаластинии  ҲАМОС, ки Навори Ғаззаҳро назорат мекунад, ба Исроил ҳуҷум кард. Исроил бошад ин воқеаи рухдодаро “ҷанг” арзёбӣ кард ва ба амалҳои ҷавобӣ пардохт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив