LIVE

Бохти хонагии «Манчестер Юнайтед» аз «Галатасарой» дар бозии даври дуюми Лигаи Қаҳрамонҳо

«Манчестер Юнайтед» дар майдони хеш аз  «Галатасарой» дар бозии даври 2‑юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо шикаст хӯрд.
Вохӯрии гурӯҳи А дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» бо бохти мизбонон бо ҳисоби 2:3 хотима ёфт. Дар ҳайати тими англисӣ ду голро Расмус Хейлунн ба номаш сабт намуда, аз ҷониби истамбулиҳо зарбаи дақиқ дар ҳисоби Уилфрид Заа, Керем Актюркоглу ва Мауро Икарди мебошад.
Нимҳимоягари мизбонон Каземиро дар дақиқаи 77‑уми бозӣ корти сурх гирифт. Бошгоҳи туркӣ ҳаққи задани зарбаи пеналти ба даст овард, вале онро Икарди аз нуқтаи 11‑метра ба гол табдил дода натавонист.
«МЮ» бошад дучори дуюмин бохт дар марҳилаи гурӯҳӣ шуда, дар даври навбатӣ муқобили «Копенгаген» дар майдони хеш бозӣ намуда, рӯзи 24-уми октябр «Галатасарой» рақобаташро муқобили «Бавария» доир мекунад.
Лигаи чемпионҳо. Даври 2-юм
«Манчестер Юнайтед» (Манчестер) — «Галатасарой» (Истамбул) — 2:3 (1:1)
Голҳо: Хёйлунн, 17, 67. — Заа, 23. Актюркоглу, 72 . Икарди, 81. 
Пеналтии нодақиқ: Икарди, 78.
Корти сурх: Каземиро, 77.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив