LIVE

«Истиқлол» - «Ал-Дуҳайл»: ҷаласаи пеш аз бозӣ доир гардид

Имрӯз ҷаласаи пеш аз бозӣ оид ба масъалаҳои ташкилии вохурии даври аввали Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор гардид. Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиклол»  ва «Ал-Дуҳайл» ва   кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин  масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд. Мезбонони рақобат футболбозони “Истиқлол” бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг,  ба майдон мебароянд.
 
Вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”- и Қатар фардо 19 сентябр  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00. 

Фурӯши чиптаҳо дар хазинаҳои варзишгоҳи марказӣ ва   мағозаи  расмии даста дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 идома дорад. Нархи чиптаи категорияи якум барои минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив