МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БА ҚИСМИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 БАРОМАД!
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Дастаи олимпии Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Австралия бозиро мусовӣ - 1:1 карда, дар гурӯҳи “I” мақоми дуюмро касб намуд. Голи дастаи моро дар ин рақобат Рустам Соиров зад.







