LIVE

Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои хонагии «Равшан» дар Ҷоми КФО

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи «Равшан» раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷиро барои бозиҳои хонагии «Равшан»-и Кӯлоб дар Ҷоми КФО-2023/24 шуруъ мекунанд.
Аризаро барои аккредитатсия бо сурат ба суроғаи s_faridun@mail.ru фиристед. Дар ариза бояд ин маълумот зикр шаванд: ном ва навъи ВАО (нашрия, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигор, рақамҳои телефон.
Аризаҳо то соати 19:00-и рӯзи 11 сентябр қабул карда мешаванд. Аризаҳое, ки баъд аз гузаштани муҳлат фиристода мешаванд, баррасӣ НАМЕГАРДАНД!
Бейҷҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон 20 сентябр, як рӯз пеш аз бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Равшан» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон) супурда мешаванд.
Телефон барои маълумот: +992 918667387 (Фаридун Солиев).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив