LIVE

Пирӯзии бузурги “Барселона” дар сафар

Дар доираи бозиҳои даври сеюми Ла Лига дастаҳои “Вилярреал” ва “Барселона” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Керамика”-и шаҳри Вилярреал” баргузор гардида, бо ҳисоби 3:4 ба суди бошгоҳи каталонӣ анҷом ёфт.
Голҳоро дар ҷараёни бозӣ аз ҳайати “Вилярреал” – Хуан Фойт, Александр Сорлот, Алехандро Баена ва аз ҳайати “Барселона” – Гави, Френки де Йонг, Ферран Торрес ва Роборет Левандовски ба самар расониданд.
Маҳз ҳунару маҳорати Ламин Ямали 16 сола дар пирӯзии “Барселона” саҳми бориз гузошт. Ямал ду ирсоли головар кард ва баъдан иваз карда шуд.
Ин дуюмин ғалабаи бошгоҳи “Барселона” дар мавсими нави Ла Лига маҳсуб мешавад. Дар даври аввал каталониҳо бо “Хетафе” мусовӣ карда буданд. Бо ин ғалаба “Барселона” ҳоло бо 7 имтиёз дар ҷои 3-юм аст. “Вилярреал” бо 3 имтиёз дар мавқеи 13-ум маскан гирифтааст. “Реал Мадрид” бо 9 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.
Дар даври оянда, рӯзи 4-уми сентябр “Барселона” дар сафар бо “Осасуна” бозӣ мекунад. “Вилярреал” рӯзи 1-уми сентябр бо “Кадис” дар сафар андари майдони рақобат мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив