Дар майдончаҳои хурди дорои сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ботантанаи Ҷоми КФ «Истиқлол» оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Шоми 21-уми август дар Душанбе, дар майдончаҳои хурди дорои сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шашумин мусобиқоти Ҷоми КФ «Истиқлол» баргузор шуд. Пас аз паради дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва ноиби президенти ФК «Истиқлол» Муҳсин Муҳамадиев иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба онҳо барори кору бозиҳои ҷолибро орзу карданд. Дар хотимаи маросими кушодашавӣ вохурихои даври якум дар зергурӯҳҳои “А” ва “Б” барпо гардиданд. Дар Ҷом 25 даста, ки дар марҳилаи пешакӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буданд, ширкат мекунанд. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ чаҳор даста ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои минбаъда аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи медали нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдони мешавад