Бошгоҳи шоҳонаи “Реал” дар сомонаи расимиаш аз гузариши давозабони “Челси” Кепа Аррисабалага хабар дод. Дарвозабони испанӣ ба ҳайси ҷойгузини Тибо Куртуа то анҷоми мавсими ҷорӣ гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки пеш аз оғози мавсим дарвозабони асосии “Реал” Тибо Куртуа дар тамрини дастааш ҷароҳат бардошт, ки марҳилаи барқароршавиаш 4-5 моҳро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз “гаразмониҳо” маҷбур шуданд, ки Кепаро ҳамчун ҷойгузини ӯ даъват намоянд.
