Дастаи футзали «Истиқлол» бо қаҳрамони бисёркаратаи Озарбойҷон бошгоҳи футзали «Араз-Нахчивон» ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Дастаҳои футзали «Истиқлол» ва «Араз-Нахчеван» барои баргузории ду бозии дӯстона ба мувофиқа расиданд. Ҳарду бозӣ рӯзҳои 16 ва 17 август дар Боку баргузор мешаванд. Ҳайати дастаи футзали мо имрӯз тавассути Тошканд озими Озарбойҷон мешавад.
«Араз-Нахчивон» яке аз дастаҳои пурқуввати Аврупо буда, ду маротиба ба даври ниманиҳоии Ҷоми футзали УЕФА баромадааст. Қаҳрамони 17-каратаи Озарбойҷон оид ба футзал, иштирокчии Лигаи қаҳрамонҳои футзали УЕФА.