LIVE

Андре Онана ба «Манчестер Юнайтед» гузашт

Дарвозабони Камерун Андре Онана ба «Манчестер Юнайтед» гузашт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти клуб.

Дарвозабон бо дастаи англисӣ то соли 2028 шартнома ба имзо расонидааст. Ёдовар мешавам, ки аввали ҳамин ҳафта эълон шуда буд, ки “Манчестер Юнайтед” барои интиқоли Онана ба “Интер” 55 миллион евро пардохт мекунад.
Дарвозабони 27-сола аз тобистони соли 2022 дар ҳайати миланиҳо бозӣ мекунад. Ӯ ба бошгоҳи итолиёвӣ аз "Аякс" пайваст.
Дар мавсими солҳои 2022/2023 Онана дар якҷоягӣ бо "Интер" ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт, ки дар он тими Милан аз "Манчестер Сити" шикаст хӯрд (0:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив