LIVE

Бозигари маъруфи аргентинӣ Лионел Месси ва Диего Марадонаро ба ҳам қиёс кард

Собиқ нимҳимоягари мунтахаби Аргентина Хуан Роман Рикелме, ки дирӯз- санаи 25-уми июн охирин бозиии хайрбодияшро гузаронид, дар мавриди ҳамватанаш Лионел Месси изҳори назар кард. Собиқ ҳамлавари «Барселона» ва «ПСЖ» иштирокчии ин чорабинӣ гардид.
«Бахтам омад кард, ки бо футболбозони бузург бозӣ кардам. Намедонам дар нақшаҳои футболӣ ӯ аз  Марадона бузург аст ё мақоми пасттар дорад. Ман тамоми умрам бозияшро пайгирӣ мекардам ва хеле олиҷаноб аст, ки ӯ имрӯз дар ин чорабинӣ иштирок мекунад (Рикелме бо чунин суханҳо ба мухлисоне, ки дар бозӣ ҳузур доштанд, ишора намуд).
Барои ҳамагон дилписанд аст, ки ту инҷо ҳастӣ ва ин ҳам фаромӯшнопазир аст  (Рикелме ба Месси муроҷиат мекунад). Итминон дорам, ки вақти хуше доштӣ, ман туро дӯст медорам», — иқтибос овардааст аз суханони Рикелме Mundo Deportivo.
Ёдовар мешавем, ки дастаи нави Мессии 36-сола «Интер Майами» гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив