LIVE

Неймар дар ҳаҷми 1 млн евро ҷарима месупорад

Ҳамлавари бразилии «ПСЖ» Неймарро баҳри қоидавайронкуниҳои экологӣ дар Бразилия ҷаримаи калони пулӣ интизор аст. Дар ин бора нашрияи L'Equipe бо такя ба хадамоти матбуотии шаҳрдории шаҳри Рио-де-Жанейро хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти сарчашма дар яке аз қароргоҳҳои Неймар дар иёлати Рио-де-Жанейро чанде аз корҳое анҷом дода шудаанд, ки  «қоидавайронкуниҳои экологӣ»-ро ба бор овардаанд. Ба шумули ин қоидавайронкуниҳо монеашавӣ ба  маҷрои об, саддгузории худсарона дар самти ҷараёни оби дарё ба хотири сохтани ҳавзи сунъӣ шомиланд. Ҳамчунин тағйироти ғайриқонунии масоҳати замин, кӯҳҳо, харсангҳо ва ҳамчунин истифодаи қуми соҳилӣ баҳр бидуни иҷозатномаи махсус аз зумраи он қоидавайронкуниҳои экологӣ дониста мешаванд.
«Қадами навбатӣ ин баҳогузории қоидавайронкуниҳо ва муайян кардани ҳаҷми ҷарима мебошад, ки дар асоси ҳисоб намудани андозаи зарари расонидашуда ба муҳити атроф  на камтар аз 5 млн реал  (қариб  950 ҳазор евро)-ро ташкил медиҳад», — иттилоъ доданд дар шаҳрдории Рио-де-Жанейро.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив