LIVE

Чаро Роналду аслан машруботи спиртӣ истеъмол намекунад?

Катя Авейру- хоҳари ҳамлавари «Ал-Наср» Криштиану Роналду қарори футболбоз оиди умуман истеъмол накардани машруботи спиртиро чунин тавр фаҳмонд. 
«Ӯ қатъиян қарор баровард, ки чун сояи касе нахоҳад буд. Намехоҳад ба падараш монанд бошад, нафаре, ки ба машруботи майли зиёд дошта буд. Маҳз ба ҳамин хотир  Криштиану ягон маротиба ҳам қатрае аз машруботи спиртиро ба даҳон набурдааст.
Ӯ мехост, ки қуллаҳои дунёиро фатҳ намояд ва дар сараш андешае дошт, ки ин самти роҳ ҷониби ситораҳо ӯ ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад, ки аз куҷо баромадааст», — навиштааст Авейру дар яке аз шабакаҳои иҷтимоии хеш.
Ёдовар мешавем, ки Роналду дар сафи «Ал-Наср» аз соли 2023 баромад намуда, қарордоди корияш то соли 2025 мӯҳлат дорад. Дар мавсими қаблӣ Роналду дар 16 бозии чемпионати Арабистони Саудӣ ба майдон омад ва 14 голу ду партофти голиро ба номаш сабт кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив