«Реал» билохира Мбапперо аз Фаронса ба Испания меорад. Ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса ва ПСЖ Килиан Мбаппе дар ояндаи наздик ба “Реал Мадрид” мегузарад. ПСЖ ва бошгоҳи "Реал" дар бораи интиқоли бозигари 24-сола ба мувофиқа расидааст.
Ба иттилои манбаъ, молики ПСЖ Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо президенти «Реал Мадрид» Флорентино Перес гуфтугӯ кардааст.
Ҷонибҳо дар мавриди гузариши ӯ бо арзиши 250 миллион евро сари мақсад омодаанд. 200 миллион дарҳол пардохт карда мешавад ва 50 миллиони дигар дар шакли бонус парижиҳо метавонанд аз ин гузариш кор кунанд.
Килиан дар мавсими гузашта дар Лига 1-ум 34 бозӣ анҷом дода, ба задани 29 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст.
