LIVE

Мусовии «Хуҷанд» бо «Коканд-1912»

Дирӯз, дар варзишгоҳи шаҳри Қуқанди Ӯзбекистон бозии дӯстона миёни бошгоҳҳои «Коканд-1912» ва «Хуҷанд» доир шуд.  Нигоҳ накарда ба бозии дӯстона ба майдон шумораи зиёди мухлисон барои дастгирии дастаҳо ташриф оварда буданд. Вохӯрии дастаҳо ҷолиб ва пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. 
Бозии дӯстона
«Коканд-1912» 3:3 «Худжанд»
 Голҳо:
Шаҳбоз Эркинов, 19' (1:0). Суҳроб Бердиев, 22' (2:0). Дилшод Васиев, 44' - пеналти (2:1). Тимур Усмонов, 56' (3:1). Парвиз Алиев, 74' (3:2). Дилшод Каримов, 90' (3:3).

«Коканд-1912»(Ӯзбекистон): Ислом Абдуллаев (Музаффар Абдуллаев, 46), Жамшид Ҳасанов (Алишер Саматов, 35), Тимур Ҳакимов, Аваз Маматхуҷаев (Жасур Ҳасанов, 46), Ойбек Рустамов, Ҷаҳонгир Аҳмадов (Зафар Тураев, 46), Суҳроб Бердиев (Тимур Усмонов, 46), Иқбол Маликҷонов, Шаҳбоз Эркинов (Отабек Хайдаров, 46), Марко Милич (Жасур Ёқубов, 46), Мурод Холмуҳаммедов.

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Ойбек Абдуғаффоров, Алишер Баротов, Дилшод Каримов, Фирдавс Чақалов, Бахтиёр Чориев, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Турсуналӣ Рустамов, Дилшод Васиев (Дилшод Бозоров, 46), Юрий Захаркив (Парвиз Алиев, 71).

 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив