LIVE

Имрӯз бозиҳои даври 7-уми Лигаи Олӣ оғоз мешаванд

Имрӯз бозиҳои даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи Олӣ оғоз мешавад. 
Дастаи “Ҳослот” дар ноҳияи Фархор яке аз пешсафони чемпионат “Эсхата”-ро истиқбол мегирад. 
“Ҳослот”  дар ду бозии охир ноком шуд, аммо “Эсхата” аз пешсафи чемпионат “Истиқлол” як имтиёз камтар дорад. 
Бозии дигар миёни дастаҳои футболи “Куктош” ва “Хуҷанд” доир мешавад. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ дар даври гузашта аввалин ғалабаи худро дар мавсим ба даст овард. 
 “Хуҷанд” дар оғози мавсим дучори мушкилӣ гардидааст ва Сармиураббии тим Рустам Хоҷаев курсии худро тарк кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив