LIVE

Манфиат ва зарари VAR барои футболи тоҷик

КУМАКДОВАР (VAR). Як ҷаҳиши бузурги футболи тоҷик
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон 10-уми апрел хабар дод, ки аз нимаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ системаи кумакдовар (VAR) ҷорӣ мешавад.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷорисозии низоми VAR мебоист аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оғоз мешуд, аммо ба далели таъхир дар интиқоли таҷҳизот аз ҷониби таъминкунандагон ба вақти дигар афтод. Вақти пешбинишудаи ворид гардидани таҷҳизоти системаи кумакдовар аввали моҳи май мебошад. Ба далели он ки Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол санҷиши амалии доваронро дар мавриди истифодаи системаи кумакдовар анҷом надодааст, тибқи талаботи ФИФА, истифодаи сис-темаи VAR то нимаи дуюми чемпионат дар Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд.

Аммо бо вуҷуди ба таъхир афтодани ворид ва ҷоришавии система дар кишвар он як ҷаҳиши бузурге барои рушди бемайлони футболи тоҷик аст.

Парвизи Маҳмадамин шореҳи футболи ТВ “Варзиш” чунин назар дорад, ки бо ҷорӣ гардидани системаи кумакдовар (VAR) дар Лигаи олии кишвар пеш аз ҳама баҳсҳо атрофи голҳои аз офсайд задашуда, нишон додан ё бекор кардани корти сурх ва дигар ҳолатҳои нигаронкунанда аз миён мераванд.

- Вале месазад ёдовар шавем, ки қабули қарори ниҳоӣ мисли пештара бар дӯши довари марказ боқӣ мемонад. Мушкилӣ дар он ҷост, ки VAR танҳо ҳамон ҳолати рӯйдодаро ба довар так-роран нишон медиҳад. Шояд бо ҷорӣ шудани VAR дар чемпионати Тоҷикистон баҳсҳо дар мавриди қабули қарорҳои баҳснок, ки тақрибан дар ҳар давр дида мешавад, тадриҷан коҳиш ёбад,- гуфт П. Маҳмадамин.

Имомбек Шанбеев таҳлилгари масоили варзишии кишвар бар он назар аст, ки низоми VAR дар Тоҷикистон замоне пурра ба дарди доварон мехӯрад, ки агар бо технологияҳои муосир, аз қабили системаи муайянкунандаи голҳо (Goal Line Technology) кулли варзишгоҳҳо муҷаҳҳаз гарданд, аммо назари Шанбеев нисбат ба системаи мазкур мусбат аст. Чунончи худи ӯ гуфт:

“Ҷорӣ гардидани системаи видеодоварон ва ё худ Video Assistant Referree (VAR) шуруъ аз нимаи дуюми мавсими ҷории 1Х-Бет чемпионати Тоҷикистон албатта дар роҳи беҳбудии сатҳи футболи меҳан ва ҷолибияти рақобат миёни дастаҳои касбӣ умедҳои хушҳолкунандаро барҷой мегузорад. Чӣ тавре таҷрибаи истифодаи VAR дар кишварҳои дигар нишон медиҳад, таъмин гардидани адолати бозӣ ва ба сатҳи нав баромадани кори доварон аз ҳадафҳои аслии ин системаи муосир мебошад. Аммо бо вуҷуди беҳтар гардидани сатҳи кори доварон ва саривақт ислоҳ гардидани қарорҳо баъди тамошои наворҳои такрорӣ дар футболи муосир ҳолатҳои ҷудогонае вуҷуд доранд, ки ҳатто баъди тамошои наворҳои такрорӣ қарорҳои шубҳанок аз ҷониби доварон то ҳол ба чашм мерасад ва норозигиҳо нисбати VAR вуҷуд доранд. Инро метавон бо он далеле шарҳ дод, ки бо вуҷуди кори видеодоварон низ қарори ниҳоиро дар рафти бозӣ худи сардовар қабул мекунад ва иштибоҳоте, ки аз омили инсонӣ сар мезананд, наметавонанд ба пуррагӣ рафъ гардад”.

Гулмуроди Саъдулло аввалин довари VAR дар кишвар гуфт, низоми дар Тоҷикистон ҷоришаванда, аз ҷониби яке аз ширкатҳои бонуфузе роҳандозӣ мегардад, ки аз ҷониби ФИФА литсензияи истифодабарии онро дорад. Ин истеҳсолкунандаи таҷҳизот барои Тоҷикистон Slomo.tv аст.

ЧАРО НИЗОМИ VAR ДАР ОЛАМИ ФУТБОЛ ПАДИД ОМАД?

Беш аз чаҳор сол мешавад, ки системаи VAR ба таври расмӣ дар қоидаҳои футбол ҷорӣ карда шудааст. Дар ибтидо вокуниши бошгоҳҳо ва мухлисон ба ин навоварии техникӣ мутафовит буд – бисёриҳо бар ин фикр буданд, ки VAR ба динамикаи бозӣ халал мерасонад.

Аммо натиҷаҳои ин навоварӣ дар се сол нишон дод, ки бозии футбол бо истифодаи VAR тозаю тамизтар шуд. Системаи мазкур боис гардид, то бозии дӯстдоштаи миллионҳо ангезае барои рушди бисёрсамта пайдо кунад. Иштибоҳҳо кам шуданд ва он ба коэффисентҳои ширкатҳои букмекерӣ таъсир расонд.

Видеодовар (кумакдовари видеоӣ) иштибоҳи доварони асосиро тақрибан ба сифр баробар кард. Ба туфайли он, баҳсҳо атрофи голҳои аз офсайд задашуда аз миён рафтанд. Вале ҳоло мушкилиҳо бо қоидавайронкуниҳо дар дохили ҷаримагоҳ боқӣ мондаанд. Мушкилӣ дар он ҷост, ки VAR танҳо ҳамон ҳолати рӯйдодаро ба довар такроран нишон медиҳад, лекин қабули қарори ниҳоӣ маҳз аз сӯи сардовар сурат мегирад.

VAR-ро дар ҳолатҳои зерин истифода мебаранд:

- Муайян кардани ҳолатҳои баҳснок ҳангоми задани гол (гузаштани тӯб аз хатаки дарвоза, оё гол аз офсайд буд ё на ва ғайра);
- Вайрон шудани қоида дар дохили ҷаримагоҳ;
- Эҳтимолияти нишон додани корти сурх (аз майдон хориҷ кардани бозигар).

НАМУНАҲО АЗ АМАЛКАРДИ ДУРУСТИ VAR

Намунаи равшантарин – ин рақобати даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2022 - 2023 аст, ки дар он дастаҳои “Интер” аз Италия ва “Барселона” аз Испания рақобат карданд. Довар бо истифодаи VAR голи задаи меҳмононро бекор кард. Сабаб дар хатои истеъдоди ҷавони “нилунориҳо” Ансу Фатӣ буд: пеш аз гол дар дохили ҷаримагоҳи рақиб тӯб ба дасти ӯ расида будааст.

МУБОРИЗА БО НАЙРАНГБОЗӢ (СИМУЛЯЦИЯ)

Найрангбозӣ – яке аз нуқтаҳои доғи футболи муосир аст. Ба хотири пирӯзӣ дар финали Лигаи чемпионҳои мавсими 2016 - 2017 дифоъгари бошгоҳи “Реал Мадрид” Серхио Рамос дар бозӣ бо “Ювентус” дар як ҳолат худро чунон вонамуд кард, ки гӯё аз пояш зарби сахт хӯрдааст. Футболбоз дар рӯи замин аз дарди ваҳшатнок ғел мезаду ҳолатро ба чашмони довар боз ҳам муташанниҷтар вонамуд мекард. Рамос ба ин тартиб нишон медод, ки чӣ тавр бозигари рақиб ба ӯ ҳамла кардааст.

Довар ба ин найранги Рамос дода шуд ва футболбози қоидавайронкардаи “Ювентус”-ро аз майдон хориҷ намуд. Аммо ҳамаи тамошобинон, ки ин ҳолатро тавассути телевизор тамошо мекарданд, хатои доварро пай бурданд. Ин гуна ноадолатӣ боис ба моҷарои бузург шуд.

Системаи VAR дар як сония аз рӯи амалҳои зишти футболбозони найрангбоз парда мебардорад. Инчунин, VAR тақрибан ҳамаи найрангбозиҳои дигарро аз байн мебарад. Ба ин тартиб, тарафдорони принсипи “Бозии боадолат” ба маротиб зиёд шуданд.

Акнун, дигар ба мураббиён лозим нест, ки ба футболбозони худ нозукиҳои найрангбозиро биомӯзонанд. Қаблан дастаи “Манчестер Юнайтед” ҳамин гуна тамринҳои махсусро барои найрангбозӣ коркард карда буд ва дар ҷараёни бозиҳо аз он истифода бурда, ба доварон шикоят мекард, то бозигари ҳарифро аз майдон хориҷ намоянд.

ҶОИ ХУЛОСА

Боварӣ ҳаст, ки бо ҷорӣ шудани системаи VAR дар Лигаи олии Тоҷикистон дигар он нафароне, ки қоидавайронкуниҳои дағал мекунанд ва инчунин бозигарони дигари найрангбоз аз муҷозоти одилона фирор карда наметавонанд. Чун маҳз VAR боис шуд, то Серхио Рамос туф кардан ҷониби ҳарифро бас кунаду Луис Суарес бошад, аз газидани рақиб ба таври ногаҳонӣ даст кашад ва ин низом дар кишвар метавонад, дарвозабони собиқи бошгоҳи “Хатлон” Шаҳром Самиевро, ки дар бозиҳо рақибонро бо усули бокс накаут мекард, боз дорад.

Системаи видеоии VAR аз рӯзи нахустини ворид шудани худ ба олами футбол барои беҳтар шудани бозӣ дар тамоми самтҳо кумак расонида истодааст. Ин сис-тема бозиро барои футболбозон амнтару барои мухлисон мунсифонатар гардонид.

Таҳлили Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив