LIVE

“Реал” ва «Наполи» охирин иштирокчиёни даври 1/4 ниҳоӣ шуданд

«Наполи» дарвозаи «Айнтрахт»-ро голборон кард ва охирин роҳхати даври 1/4 финалии Лигаи чемпионҳоро соҳиб шуд. Тамоми бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо ба анҷом расиданд.

8 даста муборизаро дар даври ¼ ниҳоӣ идома медиҳанд. Дастаҳои  “Милан”, “Интер”, “Наполи”, “Челси”, “Манчестер Сити”, “Реал”, “Бавария” ва “Бенфика” ба даври навбатӣ баромаданд. 17-уми март қуръакашии даври ¼ ниҳоӣ баргузор мешавад.

“Реал Мадрид” ғалаба кард ва ба даври 1/4 финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт. Карим Бензема ягона голи ин бозиро ба ҳадаф расонид ва мадридиҳо дар ду бозӣ бар “Ливерпул” пирӯз шуданд.

“Ливерпул”-ро зарур аст, ки дар чемпионати Англия муборизаро барои дарёфти роҳхати Лигаи Чемпионҳо барои мавсими оянда идома бидиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив