LIVE

Додситони Фаронса ситораи тими ПСЖ-ро дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекунад

Додситонии Фаронса алайҳи ҳимоятгари тими мунтахаби Марокаш Ашраф Ҳакимӣ айбнома эълон кард. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавони 24-сола алакай шоҳидӣ додааст ва додгоҳ ӯро муттаҳам ва таҳти назорати додгоҳӣ қарор додааст. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан як духтари ҷавон дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ Ҳакимиро ба таҷовуз ба номус муттаҳам карда буд. Вакили мудофеъи футболбоз бо интишори баёния ин хабарро дурӯғ хондааст. ПСЖ ҳимоятгари марокашагии худро дастгирӣ кард. Ҳамчунин маълум шуд, ки дар пай ин овозаҳо ҳамсари Ҳакимӣ аз муҳофизатгар ҷудо шудан мехоҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив