LIVE

Ҷикия ва Караваев дар бозӣ бо Тоҷикистон ширкат намекунанд

Дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон мунтахаби Русия таҳти роҳбарии Валерий Карпин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе тамринҳои расмии худро анҷом дод.

Дар тамринҳо, ки  як соат давом кард, химоятгарон Георгий Ҷикиа ва Вячеслав Караваев иштирок накарданд. Онҳо дар бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон ширкат намеварзанд.

Имрӯз, 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

🤝 Бозии дӯстона
📆 17 ноябр (панҷшанбе)
⏰ Оғоз соати 20:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив