LIVE

Бозигарони кадом тим аз ҳама бештар дар ҶҶ ширкат мекунанд?

Пас аз анҷоми муҳлати дархости бозигарон барои Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар клубҳое муайян шуданд, ки шумораи бештари бозигарон аз онҳо ба тимҳои миллӣ даъват шудаанд.

Аксари бозигарон  аз ҷониби "Бавария" озод карда шуданд. 17 бозигари қаҳрамони феълии Олмон дар ҳашт тими миллии мухталиф бозӣ хоҳанд кард: Камерун (Эрик Шупо-Мотинг), Канада (Алфонсо Дэвис), Хорватия (Йосип Станишич), Фаронса (Лукас Эрнандес, Даёт Упамекано, Бенҷамин Павар, Кингсли Коман), Олмон (Мануэл Нойер, Леон Горетска, Серж Гнабри, Лерой Сане, Ҷамал Мусиала, Ҷошуа Киммих, Томас Мюллер), Марокаш (Нуссайр Мазрауи), Нидерландия (Маттиас де Лигт), Сенегал (Садио Мане).
16 бозигарӣ аз "Манчестер Сити" ва "Барселона", 14 аз "Манчестер Юнайтед" ва 13 аз "Реал Мадрид" ба мунтахабҳои кишвар даъват гардиданд. Боз 9 клуби дигар ба дастаҳои мунтахаб 10 бозигарӣ фиристодаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив