LIVE

ФФТ ва ИФР ёддошти тафоҳум имзо карданд

Имрӯз, 16-уми ноябр дар Душанбе ёддошти ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Русия ба имзо расид. Созишномаро ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва дабири кулли ИФР Максим Митрофанов имзо карданд.
 
Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва дабири кулли Иттиҳоди футболи Русия Максим Митрофанов роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду федератсияи миллиро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Дар доираи Ёддошти имзошуда дабири кулли ИФР Максим Митрофанов барои тақвияти ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуда, ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод.

Митрофанов инчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи самимии ҳайати ИФР ва тими миллии Русия дар Душанбе изҳори сипос кард.
Қобили зикр аст, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад. Дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бо ҳам вомехӯранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив