LIVE

Роналду бо намояндагони "Бавария" вохӯрдааст

Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду ва агенти ӯ Хорхе Мендеш ҳафтаи гузашта бо намояндаҳои «Бавария» вохӯрдаанд. 

Ҷонибҳо дар Англия дар бораи эҳтимоли гузариши бозигар гуфтугӯ кардаанд. Дар моҳи июл раиси бошгоҳи олмонӣ Оливер Кан таъйид кард, ки дар ҳоли баррасии масъалаи гузариши Роналду аст, аммо гуфт, ки португалӣ ба "фалсафа"-и даста мувофиқат намекунад.

Рӯзномаи The Sun мусоҳибаеро бо футболбози 37-сола нашр кард, ки дар он Роналду изҳор дошт, ки «Манчестер Юнайтед» ба ӯ хиёнат кардааст ва худи ӯ ба сармураббӣ Эрик Тен Ҳег эҳтиром надорад. Ба гузориши ESPN, пас аз изҳороти нангини ҳамлагар Тен Ҳаг дар мулоқот бо раҳбарони “Манчестер Юнайтед” гуфтааст, ки Роналду набояд дигар дар ин даста бозӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив