LIVE

Нкунку дар ҶҶ-2022 иштирок намекунад

Кристофер Нкункуи 25-сола, нимҳимоятгари тими “РБ Лейптсиг”-и Олмон ва мунтахаби Фаронса, дар тамрин бо тими миллӣ маҷрӯҳ шуд ва ҳамакнун дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар иштирок намекунад.

Тавре дар дастаи мунтахаби Фаронса тасдиқ карда шуд, бозигар аз зонуаш осеб дидааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ӯ тамрини тими мунтахаби Фаронсаро пеш аз муҳлат тарк кардааст, хабарнигорон мушоҳида карданд, ки ӯ сахт мелангад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Нкунку дар 23 вохӯрӣ дар ҳайати «РБ Лейптсиг» дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, дар онҳо 17 гол ва 4 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив