LIVE

Тими миллии Тоҷикистон дар ҳайати пурра ҷамъ шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии дӯстона бо тими Русия дар ҳайати пурра ҷамъ омад.

Сармураббӣ Петр Сегрт дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозигар дорад, ки 14 нафари онҳо легионер мебошанд. Дар  тими миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар тамрин мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив