LIVE

Мунтахаби Русия ба Душанбе омад

Дастаи мунтахаби Русия таҳти роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд. Ба бозигарон, мураббиён ва аъзои ҳайати тими Русия тоқии тоҷикӣ ва гарданбанд бо рамзҳои Тоҷикистон тақдим карда шуд.

«Ҳар як варзишгар мехоҳад ҳамеша пирӯз шавад. Ҳам мо ва ҳам тими миллии Тоҷикистон инро мехоҳад. Биёед, ба майдон мебароем ва мебинем,  ки кадом даста пурқувваттар аст. Маълум аст, ки дар майдон мехоҳем  футболбозонеро бинем, ки ханӯз дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок накардаанд. Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон чунин пешвозгирӣ ташкил карда шуд. Ҳатто аз 10 дақиқаи аввал маълум аст, ки инҷо ҳама чиз хеле самимӣ хоҳад буд»,-гуфт Валерий Карпин, сармураббии тими миллии Русия дар мусоҳибаи кӯтоҳ бо намояндагони ВАО.
Тими миллии Русия дар ҳайати 26 бозигар ба Душанбе омад. Матвей Сафонов ва Антон Зинковский наомаданд. Дарвозабони «Краснодар» дар бозии Премйер Лигаи Русия каме ҷароҳат бардошт. Нимҳимоятгари «Спартак» бо сабаби шамолхӯрӣ дар Маскав таҳти назорати пизишки бошгоҳ монд, тасмим дар бораи ширкат дар бозиҳо вобаста ба вазъи саломатиаш дертар қабул мешавад. Нимҳимоятгар Далер Кузяев пас аз бозии Ҷоми Русия байни дастаҳои «Факел» ва «Зенит» ба ҳайати даста мепайвандад.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив