LIVE

Асенсио дар бораи он, ки оянда ба "Барса" мегузарад, посух дод

Бозигари "Реал" Марко Асенсио дар бораи он, ки оянда ба "Барселона" мегузарад, посух дод. 
«Рости гап, намедонам, ки «Барса» маро мехоҳад. Оё ман имкони бозӣ дар ин клубро рад мекунам? Ман дар ин бора фикр намекардам, парвое ҳам надоштам. Овозаҳо ва тахминҳо зиёданд, аммо ин муқаррарӣ аст. Баъд аз ҳафт моҳ ман метавонам бозигари дилхоҳ клуб шавам. Аз ин рӯ, ҳоло ман ба шумо дар бораи “Барселона” ҷавоби дақиқ дода наметавонам" гуфтаас Асенсио.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Барселона» вазъро бо шартномаи футболбози испанӣ бодиққат назорат мекунад. Шартномаи ӯ бо "Реал" дар охири мавсими ҷорӣ ба охир мерасад ва ба Асенсио то ҳол шартномаи нав пешниҳод нашудааст. Дар баробари ин, агенти футболбоз бо бошгоҳи каталонӣ муомилаи хуб дорад.
Як моҳ қабл El Confidencial хабар дода буд, ки Марко аз тамдиди шартномаи худ бо "Реал Мадрид" ба муддати чаҳор сол даст кашид ва баъд аз он Флорентино Перес ба Анчелотти дархост кард, ки бозигар то ҳадди имкон камтар ба майдон ворид шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив