LIVE

Forbes: "Реал Мадрид" гаронарзиштарин бошгоҳи варзишии ҷаҳонӣ

Маҷаллаи маъруфи моливу иқтисодии Forbes феҳристи 50 гаронарзиштарин бошгоҳи варзишии ҷаҳонро нашр кард. Ба 50 дастаи беҳтарин ҳашт дастаи футбол низ шомиланд.

Ҳамин тариқ, «Реал Мадрид» гаронтарин клуби футбол гардид – арзиши он 5,1 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Аммо дар рейтинги умумии дастаҳо аз рӯи ҳамаи варзишҳо, гаразмониҳо дар ҷойи 13-ум қарор доранд.

«Барселона» дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 15-ум қарор гирифт (5 миллиард доллар). Баъдан «Манчестер Юнайтед» - 4,6 миллиард доллар дар зинаи 19-ум аст. "Ливерпул" (4,45 миллиард доллар) ва Бавария Мюнхен (4,28 миллиард доллар) мутаносибан мақомҳои 22 ва 23-юмро гирифтанд. Дар зинаи 25-ум «Манчестер Сити» (4,25 миллиард доллар) қарор дорад.

«ПСЖ»-и фаронсавӣ дар ин раддабандӣ дар ҷои 48-ум қарор гирифт – арзиши бошгоҳ 3,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. «Челси»-и Лондон рейтинги 50 бошгоҳи варзишии ҷаҳонро (3,1 миллиард доллар) ба итмом расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив