LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ба Тошканд меравад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи  интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов ширкат мекунад.

Дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тимҳои наврасони  Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои  «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни дастаҳои то 16-сола
Даври 1
22 август (душанбе)
18:00 — Ӯзбекистон (U-16) — Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»
23 август (сешанбе)
16:00 — ТОҶИКИСТОН (U-16) — Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи «Локомотив»

Даври 2
25 август (панҷшанбе)
16:00 — Эрон (U-16) — ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»
18:00 — Ҷопон (U-16) — Ӯзбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».

Даври 3
27 август (шанбе)
16:00 — Ҷопон (U-16) — Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»
18:00 — Ӯзбекистон (U-16) — ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив