LIVE

Аз Бразилия ба Роналду пешниҳод шуд

Президенти "Коринтианс" Дуилио Монтейро Алвес мехоҳад ба ҳамлагари  "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду пешниҳоди ҳамкорӣ кунад. 

Ба гуфтаи ӯ, вазъро назорат дорад, аммо то ҳол пешниҳоди мушаххасе барои бозигар накардааст.

"Дар футбол ҳама чиз имконпазир аст ва ман бояд барои Коринтианс тамоми кори аз дастам меомадаро кунам. Оё ин имконпазир аст? Намедонам. Мо инро насанҷидаем, таҳқиқ накардаем. Аммо мо ӯро мушоҳида карда истодаем. Тасаввур кунед, ки ӯ ногаҳон мехоҳад дар Бразилия бозӣ кунад ", - иқтибос меорад суханони Алвесро Mundo Deportivo.

Ёдовар мешавем, ки Роналдуи 37-сола мехоҳад "Манчестер Юнайтед"-ро тарк карда, ба клубе гузарад, ки мавсими оянда дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив