LIVE

Силсиланокомии “Шоҳин” дар лигаи дуюм

20-уми август ду бозиҳои мавқуфгузоштаи даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои  лигаи дуюми   вилояти Хатлон баргузор шуданд. Дастаи «Барқ»-и шаҳри Норак дар майдони худ тими «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминободро бо ҳисоби минималии 1-0 шикаст дод. Тӯбро мизбонон дар қисми якуми бозӣ ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд ва ба ҳамин ғалабаи навбатии худро ҷашн гирифтанд. Ин бозиро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Норак мухлисони зиёд тамошо карданд. Ҳамчунин, дар дидори дигар дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар меҳмонӣ бар тими «Сарбанди»-и шаҳри Левакант бо ҳисоби 3:2 зафар ёфт. 
«Барқ» - «Шоҳин» 1:0
«Сарбанди» - «Сарҳадчӣ» 2:3

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив