LIVE

Кӣ беҳтар: Месси ё Роналду? Донишмандон барои ҳалли он формула кашф карданд

Донишмандони Донишгоҳи католикии Лёвени кишвари Белгия барои муайян кардани яке аз суолҳое, ки давоми даҳсолаи охир боис ба баҳсу мунозираи зиёд миёни мухлисони футбол гаштааст, формулаи махсусеро тартиб доданд.
Номи формулаи ихтироъкардаи ин пажуҳишгарон “VAEP” буда, дар он баробари ҳисоб кардани гол ва партофтҳои голбахшои ин ду нобиғаи футболи муосир боз нишондодҳои дигар аз қабили зарбаҳо, дриблинг, поғеҷ ва амалу ҳаракоти дигар низ ба инобат гирифта мешавад. Ин гурӯҳи муҳаққиқон нишондодҳои омории футболкори аргентиниву португалиро аз соли 2013 то 2018 бо ҳам муқоиса намуданд.
Тибқи хулосаи олимон: “Дар мавсимҳои аввал нишондодҳои Роналду ва Месси тақрибан яксон буд. Аммо сар аз мавсими 2015/16 Месси аз ин рақиби оштинопазири хеш пеш гузашт”. Ин суханҳоро  рӯзномаи бритониёии Mirror аз забони аспиранти ин Донишгоҳ Том Декроос овардааст, ки дар ин тадқиқот иштирок дошт. 
Ба ҳисоби миёна тибқи формулаи “VAEP” нишондоди Месси дар як бозӣ ба 1,21 ва аз Роналду ба 0,61 баробар будааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив