LIVE

Доварони тоҷик бозиҳои Ҷоми Осиёро ҳакамӣ карданд

Доварони Тоҷикистон бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллиро ҳакамӣ карданд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе ба ҳайси довари марказӣ дар бозии гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои Малайзия – Баҳрайн (1:2) ва ҳамчунин дар бозии мунтахабҳои  Туркманистон – Малайзия (1:3) ба ҳайси довари чорум фаъолият кард.

Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) дар бозии интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» байни яккачинҳои Кувайт – Индонезия (1:2) доварӣ марказӣ буда, дар рақобати тимҳои Непал – Кувайт (1:4) довари эҳтиётӣ таъйин шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив