LIVE

"Барса" барои де Йонг €100 млн талаб дорад. "МЮ" кам пешниҳод кард

Бар асоси гузориши ESPN, "Барселона" барои нимҳимоятгар Френки де Йонг беш аз 100 миллион евро мехоҳад.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи испанӣ пешниҳодҳои «Манчестер Юнайтед»-ро арзон мешуморад. Онҳо мунтазири дархосте ҳастанд, ки маблағаш қонеъ кунад.

Ёдовар мешавем, ки аз мавсими 2022/2023 тими "МЮ"-ро Эрик тен Ҳаг  роҳбарӣ мекунад. Тен Хаг ба имзои де Йонг исрор мекунад.

Де Йонг соли 2019 бозигари тими “Барселона” шуд. Нимҳимоятгари голландӣ дар мавсими гузашта дар тамоми мусобиқот 46 бозӣ анҷом дода, 4 гол ва 5 партофти головар кардааст. Аз соли 2018 де Йонг ба тими миллии Нидерландия даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив