LIVE

Шарҳи Роналду пас аз ғалаба бар Чехия

Ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду пас аз пирӯзии даста дар бозии даври сеюми Лигаи Миллатҳо бар  Чехия шарҳи худро нашр кард. Вохӯрӣ дар Лиссабон дар варзишгоҳи Хосе "Алваладе" баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

«Ғалабаи калон! Мо дар он ҷое ҳастем, ки мехостем ва сазовори он ҳастем. Ташаккур ба ҳама барои дастгирӣ”, - навиштааст Роналду дар шабакаи иҷтимоии худ.

Қаблан мунтахаби Португалия бар Швейтсария (4:0) пирӯз шуда, бо Испания мусовӣ (1:1) карда буд. Дар даври баъдӣ тими миллии Португалия бо Швейтсария бозӣ мекунад. Ин бозӣ 12 июн баргузор мешавад.

Дар ҳоли ҳозир мунтахаби Португалия бо ҳисоби 7 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” дар ҷои аввал аст. Испания бо 5 имтиёз дар ҷои дуюм аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив