LIVE

Мбапее - гаронарзиштарин варзишгари ҷаҳон

Шартномаи нави "ПСЖ" бо Килиан Мбаппе футболбози фаронсавиро гаронарзиштарин  варзишгари дунё  аз ҳисоби маоши солона мегардонад. Дар ин бора Marca хабар медиҳад.
Дар моҳи январи соли 2022 маҷаллаи Forbes маълумот дар бораи варзишгаронеро, ки маоши баландтаринро мегиранд, нашр кард. Дар зинаи аввал дар ин раддабандӣ ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси (130 миллион евро) қарор гирифт. Ба гуфтаи манбаъ, қарордоди нави сесола ба Мбаппе имкон медиҳад, ки аз ҳамдастаи аргентинии хеш бештар маош гирад.

Ёдовар мешавем, ки Мбаппе метавонист дар равзанаи трансфери тобистона ба ҳайси агенти озод ПСЖ-ро тарк кунад, аммо тасмим гирифт, ки шартномаро бо бошгоҳ то соли 2025 тамдид кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив