LIVE

5 июн мавсими нави чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оғоз мешавад

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои панҷумин чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои занона баргузор шуд. 
Дар мавсими нави лигаи занона 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) ширкат мекунанд.
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста аз ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад. Дар маҷмуъ дастаҳо дар як мавсим 18 бозигӣ хоҳанд кард.
Тибқи анъана Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзол пешниҳод мекунад. Инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва буду боши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ федератсия пардохт мекунад.
 
Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои занона
Даври 1
5 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 9:00
«Конибодом» (Конибодом) – «Ҳосилот» (Фархор)
«Зебо» (Дӯстӣ) – «Суғд» (Суғд)
«Ситора» (Шаҳринав) – «Зебонисо» (Душанбе)
«Хатлон» (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)
«Бунҷикат» (Шаҳристон) – «Бешкент» (Носири Хусрав)
 
Даври 2
12 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 9:00
«Ҳосилот» (Фархор) – «Бешкент» (Носири Хусрав)
МДМВ (Кӯлоб) – «Бунҷикат» (Шаҳристон)
«Зебонисо» (Душанбе) – «Хатлон» (Бохтар)
«Суғд» (Суғд) – «Ситора» (Шаҳринав)
«Конибодом» (Конибодом) – «Зебо» (Дӯстӣ)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив