LIVE

"Ливерпул" ҷойгузини Салоҳро аз чемпионати Олмон дарёфтааст

"Ливерпул" нимҳимоятгари "РБ Лейптсиг" Кристофер Нкункуро ба ҷойи Муҳаммад Салоҳ интихоб мекунад.  Дар ин бора Todofichajes хабар медиҳад.

Дастаи англисӣ мехоҳад, ки ин футболбози 29-солаи мисрӣ пас аз соли 2023 (анҷоми шартнома) дар даста боқӣ монад, аммо дар сурати рафтани Салоҳ, ҷойгузини ӯро баррасӣ мекунад. Яке аз ин вариантҳо Нкунку аст, ки бо намояндагони ӯ "Ливерпул" дар ҳафтаи охир ду вохӯрӣ баргузор кард.

Ёдовар мешавем, ки Нкункуи 24-сола беҳтарин бозигари мавсими Бундеслигаи 2021/2022 дониста шуд. Дар 34 бозии мусобиқа нимҳимоятгар ба задани 20 гол ва 15 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив